Назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ

Редаксияи назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ, яке аз сохторҳои таркибии СИЭМТ, ки назорати илмӣ, таҳрири адабӣ, дақиқияти мазмун ва сифати бадеии маводди нашршавандаи энсиклопедиро таҳти...

Редаксияи назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ, яке аз сохторҳои таркибии СИЭМТ, ки назорати илмӣ, таҳрири адабӣ, дақиқияти мазмун ва сифати бадеии маводди нашршавандаи энсиклопедиро таҳти назорат гирифта, муҷазбаёнию оммаписандӣ ва маълумоти фаровон доштани мақолаҳоро муроқибат мекунад. Дар ҳамкории муштарак бо кураторҳои соҳавӣ саҳеҳии илмии мақолаҳо, фарогирии комёбиҳои ҷадиди илму техника ва аксандозии таҷоруби пешрафтаи дунявиро дар мақолоти мавриди  назар  мавриди санҷиш қарор медиҳад. Редаксия мақолаҳои нашрияҳои энсиклопедиро аз ду ҷиҳат: сохтори орфографӣ ва услуб; архитектоникаи китоб (транскрипсия, ихтисора, ҳавола, этимология, маъхазу манбаъ, иқтибосҳо, солу номҳо ва ғ.) тафтишу муқоиса, ҳамчунин принсипи ягонаи ихтисораҳо (унификатсия)-ро назорату таҳрир мекунад. Дар гузашта дар СИЭСТ (ҳозира  Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, СИЭМТ) ду редаксияи назоратӣ – Назорати илмӣ ва луғатнома ва Назорати адабӣ ва библиография амал мекард. Соли 1970 ин ду редаксия муттаҳид карда шуда,  «Назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ» ном  гирифт, ки дар ҳайати он 7 нафар [М. Ҳасанов (мудир), Ф. Муҳаммадиев, С. Улуғзода, Б. Фирӯз, Н. Шанбезода, Т. М. Голс, Т. Мухаммедова (муҳаррирон)] фаъолият доштанд. Соли 1974 ба редаксия номи «Назорати илмӣ ва адабӣ» дода шуда, шумораи кормандонаш ба 12 нафар расида буд. Баъдан (аз соли 1978) штати кормандони редаксия тадриҷан кам шуд: то соли 1988-ум 9 нафар, соли 1989-ум 7 нафар, солҳои 1990–91-ум 5 нафар ва соли 1992-юм 2 нафар кор мекарданд. Феълан  ҳайати редаксия аз мудир, муҳаррири пешбар, муҳаррир ва муҳаррир-унификатор иборат аст. Редаксия дар тӯли фаъолияти худ мақолаҳои нашрияҳои энсиклопедии «Энциклопедияи Советии Тоҷик» (8 ҷилд), «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (2 ҷилд), «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (3 ҷилд), «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ», «Лениннома»,  «Энсиклопедияи Хуҷанд», «Энсиклопедияи Душанбе» (нашри 1 ва 2), «Энсиклопедияи Кӯлоб», «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» (12 ҷилд, 2023), «Энсиклопедияи Истаравшан», «Энсиклопедияи Панҷакент», «Донишномаи олимони қарни 21», «Донишномаи астрономия» ва ғ-ро аз ҷиҳати илмиву адабӣ таҳрир ва ба чоп омода кардааст.

Солҳои гуногун дар редаксия М. Наҷмиддинов, Б. Ҳоҷиев, В. И. Пономаренко, А. Асроров, Т. Идрисов, Д. Икромӣ, Ш. Собиров, М. Тоҷиев, Н. Шанбезода, Ҳ. Ҳамроев, М. Искандаров, А. Нуров, И. Калонов, А. Кенҷаев, Т. Шокиров, И. Раҳимов, Ф. Ғуломов ба ҳайси муҳаррири калони илмӣ, М. Раҷабов, М. Солеҳов, Ӯ. Кӯҳзод, Г. И. Мовчан, А. Маҳмадалиев, С. Ғуломова, Содиқова М., Холов М.,  ба ҳайси муҳаррири пешбари илмӣ, Н. Ҳусейнова, Г. Сатторова ба сифати муҳаррир-библиограф, М. Умаров, О. Нуриддинов ҳамчун муҳаррири калон, З. Шарипов, А. Расулов, Н. Шарипова, М. Музаффарова, А. Раҳимов, М. Олимов, Давлатзода К. ба ҳайси муҳаррир,  Ҷ. Д. Қишқорова, М. Маҳмудов, Л. Раҳимова, М. Шовалиева, Ҷ. Раҳмонова ба сифати муҳаррири хурд ва Ҷ. Сайидалӣ, Фармонов М.  ҳамчун унификатор-библиограф  кор кардаанд. Мудирони редаксия: С. Солеҳов (1970–75), Н. Холмуҳаммадов (1976–80), М. Ҳазратқулов (1981–84), М. Ҳоҷиматов (1985–88), М. Искандаров (1989), Н. Шарипов (1990–2018), Р. Алимшоева  (аз 2019).

Wikilogy Library

Wikilogy is a platform where knowledge from various fields merges, with experts and enthusiasts collaborating to create a reliable source covering history, science, culture, and technology.

  • English
    14 Articles
    English
  • Тоҷикӣ
    15 Articles
    Тоҷикӣ
  • فارسی
    14 Articles
    فارسی
Explore Contents

Access a vast library of articles in your preferred language. Choose from expert-driven content across history, science, and culture, tailored to your needs.

Wikilogy © Copyright 2024 - All rights reserved.