
Саидҷалол Ҳусайнӣ, Сармуҳаррири СИЭМТ
САИДҶАЛОЛ ҲУСАЙНӢ (Ҳусайнов Саидҷалол Саймаҳмудович), таърихнигор ва донишноманависи тоҷик, номзади илмҳои таърих (2023). Сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик (аз соли 2025). Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.
5 августи соли 1983 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Соли 2005 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Зиндагинома ва собиқаи корӣ
Солҳои 2005—2006 коромӯзи кафедраи таърихи наву навтарин, солҳои 2006—2010 аспирант ва солҳои 2012—2013 ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Фаъолияти худро дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик аз соли 2013 ҳамчун муҳаррири пешбари редаксияи таърих, фалсафа, дин ва ҳуқуқ оғоз намуда, солҳои 2016—2025 мудири редаксияи таърихи СИЭМТ адои хидмат намудааст.
Аз соли 2025 Сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик мебошад.
Фаъолияти илмӣ ва донишноманависӣ
Соли 2023 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Таърихи Фаришта» ҳамчун сарчашмаи таърихи Дакан ҳимоя намудааст.
Дар таҳия, таҳрир ва тадвини мақолаҳои марбут ба таърих, фалсафа ва фарҳанг дар ҷилдҳои 2‒11 «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ва силсилаи донишномаҳои соҳавии СИЭМТ саҳми арзанда гузоштааст.
Унвон ва ҷоизаҳо
- Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Медали «Хидмати шоиста» (2025).
Осори асосӣ
- «Таърихи Фаришта» сарчашмаи омӯзиши таърихи Дакан. — Душанбе: СИЭМТ, 2025. — 304 с. — ISBN 978-99985-0233-8.


