Редаксияи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, яке аз воҳидҳои СИЭМТ, ки бо таълиф, таҳия, таҳриру такмил ва тадвини мақолаҳои марбут ба масъалаҳои фалсафӣ, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ машғул аст. Солҳои 1967–88 бо номи редаксияи «Фалсафа ва ҳуқуқ» амал карда, дар ҳайати он беш аз 11 нафар (М. Султонов, У. Назиров, А. Шарифов, М. Ёқубов, С. Қаландаров, С. Ҷононов, А. Шеров, К. Холиқов, И. Зиёев, О. Дадоев, Х. Азимов) фаъолият доштанд, ки дар таҳия, таҳрир ва тадвини мақолаҳои вобаста ба илмҳои фалсафа ва ҳуқуқ дар 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик» саҳм гузоштаанд. Баъдан редаксияи «Таърих, фалсафа, дин ва ҳуқуқ» номгузорӣ шуд. Соли 2014 унвони редаксияи «Фалсафа, дин ва ҳуқуқ»-ро гирифт. Дар ин давра дар редаксия С. Маҳмадуллоев (мудир), А. Боқиев (муҳар. пешб.), Ш. Олимова (2011–13), Н. Додов (1011–13), С. Ҳусейнов (2013–14), Ф. Назаров (2016), С. Давлатзода (2016), Н. Сайвалӣ (2017–18), У. Ҷобатшоева (оператор, 2011–14) кор кардаанд. Соли 2017 ба редаксия номи «Фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ» дода шуд. Феълан дар редаксия 4 нафар: У. Камолов (мудир, аз 2015), М. Матробов (муҳар. пешб., аз 2016), А. Шарифов (муҳар. пешб., аз 2017), М. Элназаров (муҳар. пешб., аз 2020) ва Ҳ. Умаров (муҳар. пешб. аз 2025) ба таълифу таҳия ва таҳриру тадвини мақолаҳо оид ба мафҳум ва истилоҳоти фалсафӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, шарҳи ҳол ва осори файласуфону сиёсатшиносон, ки барои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» пешбинӣ шудаанд, машғуланд. Барои таҳияи мақолаҳои дахлдори энсиклопедӣ редаксия бо беш аз 40 муаллиф (Шарифов А., Музаффарпур В., Ҷонбобоев С., Сайфуллоев Н., Музаффарӣ М., Олимов К., Зиёев И., Ҳазратқулов М., М. Абдураҳмон, Раҷабов С., Имомов А., Зокиров Г., Абдуҷалилов А., Ҷабборов Ф. ва дигарон), ки дар марказҳои илмиву таҳқиқотӣ фаъолият мекунанд, ҳамкорӣ дорад. Мудирони редаксия: Султонов М. (1968–80), Шарифов А. (1980–81), Ҳазратқулов М. (1981–83; 1986–88), Беҳбудӣ М. (1983–84), Ҷононов С. (1984–86), Маҳмадуллоев С. (2014‒16), Камолов У. (аз 2015).


