- Таваллуд
5 октябр 1952
- Ном ҳангоми таваллуд
Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович
- Падар
Шариф Раҳмонов
- Модар
Майрам Шарифова
- Ҳамсар
Азизмоҳ Асадуллоева
- Фарзандон
Писарон:
Рустами Эмомалӣ ва СомонДухтарон:
Фируза, Озода Раҳмон, Рухшона, Таҳмина, Парвина, Зарина ва Фарзона - Ҳизб
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Ҳизби Комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (6 ноябр 1991)
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (6 ноябр 1991) - Соядаст
Эмомалӣ Раҳмон (форсӣ: امامعلی رحمان, то 21 марти соли 2007 — Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович; тав. 5 октябри соли 1952, Данғара, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992—1994), аз соли 1994 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат (аз 25 декабри соли 2015).
Зиндагинома#
Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Оиладор ва падари нуҳ фарзанд аст.
Таҳсил#
Соли 1969 Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40 шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд)-ро хатм намудааст. Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.
Фаъолият#
- Фаъолияти кориашро соли 1969, ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.
- Солҳои 1971—1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хидмати ҳарбӣ буд. Пас аз хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.
- Солҳои 1976—1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.
- Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.
Фаъолияти сиёсӣ#
- Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.
- 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
- 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
- 6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
- 6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
- 6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23 % овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.
Зиндагии шахсӣ#
Аз рӯи эътиқод Эмомалӣ Раҳмон мусулмони суннии ҳанафимазҳаб мебошад. Соли 2007 бо фармони ӯ Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид.




