Абӯалӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино машҳур ба Абӯалӣ ибни Сино (форсӣ: ابوعلى سينا; тақрибан 980[1][2][3], Афшона, Мовароуннаҳр, Давлати Сомониён[1] — 18 июн 1037, Ҳамадон, Оли Кокӯя[d][1]) — аллома, пизишк, ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, риёзидон, физикдон, равоншинос, файласуф ва муаллими бузурги форс-тоҷик[4][5][6][7][8][9]. Ибни Сино беш аз 450 рисолаи дар абвоби мухталифи илм навишта, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар саҳаи пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафии буда ва дар донишгоҳҳои Урупо то садаи XIX тадрис мешуданд. Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари пизишкии мудерн ва дорушиносии болинӣ шумурда мешавад. Вай боз асосгузори мантиқи синоӣ, мактаби фалсафии синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Ибни Сино
Абӯалӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино машҳур ба Абӯалӣ ибни Сино (форсӣ: ابوعلى سينا; тақрибан 980[1][2][3], Афшона, Мовароуннаҳр, Давлати Сомониён[1] —...


