
Муқоисаи Замин бо дигар сайёраҳои Манзумаи Офтоб
- Таърихи кашф
номаълум
- Перигелий
147 095 000 ± 1 000 км
- Афелий
151 930 000 ± 10 000 км, 1,00000261 ± 0 воҳиди нуҷумӣ[3] ва 152 098 231 559,14 м
- Нимқутри бузург (a)
149 597 870 700 м ва 149 598 023 ± 1 км
- Хуруҷ аз маркази мадорӣ (e)
0,016710219 ± 0
- Давраи тановуби мадорӣ
365,256363004 рӯз
- Аносири мадории Кеплерӣ (i)
0,12 рад ва 0,028 рад
- Радифи
Офтоб
- Радифҳо
тақрибан Моҳ, Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ, Мир[2], телескопи Ҳаббл, Transiting Exoplanet Survey Satellite[d], Telstar 18V[d], Kordylewski cloud[d], TerraSAR-X[d], Libertad 1[d], Soil Moisture Active Passive[d], SPOT 1[d], GSAT-18[d], QUESS[d], Van Allen Probe A[d], Van Allen Probe B[d], Sentinel-2B[d], GRACE-1[d], GRACE-2[d], GRACE-FO 1[d], GRACE-FO 2[d], Seeker[d], Sentinel-6 Michael Freilich[d], Sentinel-6B[d], Enxaneta[d], SAMPAN I[d], 2024 PT5[d], 2020 CD3[d], 2022 NX1[d], 2006 RH120[d], Skylab[d], мадори заминисто, Salyut 1[d], STS-90[d], Soil Moisture and Ocean Salinity[d], ADM-Aeolus[d], Explorer 4[d], Salyut 5[d], Vanguard 2[d], Explorer 6[d], geosynchronous satellite[d], Kosmos 557[d], ESA-GEOS 2[d], мадори заминмарказӣ[d], Landsat 1[d], Wide-Field Infrared Explorer[d], AMSAT-OSCAR 7[d], ITAMSAT[d], Tiangong-2[d], DODGE[d], Landsat 5[d], Taiyin[d], e-st@r[d], artificial satellite of the Earth[d], Sentinel-1A[d], UniSat 6[d], AsiaSat 8[d], geostationary satellite[d], SpaceX CRS-9[d], Sentinel-2A[d], Sentinel-1B[d], SGDC-1[d], X-ray Imaging and Spectroscopy Mission[d], Asgardia-1[d], SXM-8[d], Orbital Reef[d], Starlab[d], LEDsat[d], Unisat 5[d], AstroBio CubeSat[d], Space Travelling Egg-Controlled Catadioptric Object[d], Spei Satelles[d], Haven-1[d], Gaofen 12-04[d], Gaofen 12-02[d], Kosmos 2553[d], Ariane flight VA262[d], Fram2[d], Lemu Nge[d], Sentinel-1C[d], PROBA-3 Coronagraph[d], PROBA-3 Occulter[d], SXM-9[d], Blue Ring Pathfinder[d], Active Magnetospheric Particle Tracer Explorers[d], Aqua[d], Array of Low-Energy X-
- Фишурдагии қутбӣ
0,0033528 ± 0
- Масса (m)
5 972,37 ± 0,01 иоттаграмм
Зами́н (форсӣ: زمین; аз зам — сардӣ, замин — сард, сардгун) — яке аз сайёраҳои манзумаи Офтоб; аз рӯи масофа то Офтоб севвумин ва аз рӯи ҳаҷм панҷумин сайёра дар миёни сайёраҳои манзумаи Офтоб. Фарқи асосии Замин аз дигар сайёраҳои манзумаи Офтоб мавҷудияти ҳаёт дар он аст. Аҳолии Замин — 7,3 млрд (январи 2016). Аломати астрономиаш ё худ 🜨.
Баъзе тасаввуроти бостонӣ ва таҳқиқоти аввалия дар шинохти Замин#
Ба назари одами бостонӣ Замин ҳамчун як чизи паҳну ҳамворе менамуд, ки дар маркази Олам қарор дошта, болояш бо гунбази фалак пӯшида шудааст. Ин гумони сода дар имтидоди таърихи тӯлоние ҳукмрон буд, ҳатто ба ҳамин гуна тасаввур ба таркиби динҳо ҳам ворид шуда буд. Баъдан дар ҳамон дунёи қадим ақоиди мухталифи илмию фалсафӣ оид ба шаклу андоза ва мақоми Замин дар Коинот низ шакл гирифта, то ҳадде ба дараҷаи як ақидаи томе расида буд, ки ба пояи мустаҳками таҷрибаву мушоҳидаҳои дақиқ такя мекард. Ин табақаи баъдӣ медонистанд, ки Замин курашакл буда, дар фазо муаллақ аст. Тақр. дар асрҳои 6-5 то м. дар бораи мудаввар будани шакли Замин донишманди маъруфи юнонзамин Фисоғурис (Пифагор) изҳори ақида карда буд. Дар миёнаи садаи II то м. Кратеси Моллусӣ нахустин муҷассамаи маснӯи Замин — глобусро сохта буд. Баъдтар (асри 2 то м.) Батлимиюс (Птолемей) тарзу усули сохтани глобусро муфассал баён кард. Пас аз Батлимиюс аввалин касе, ки глобуси илмӣ сохтааст, Абурайҳони Берунӣ буд. Андозаҳои Замин (дарозии давра ва радиус)-ро бори нахуст донишмандони юнонӣ Эвдокс (асри 4 то м.), Эрастофен (асрҳои 2‒1 то м.) ва Посидоний (асрҳои 2‒1 то м.) бо усулҳои гуногун чен карда буданд. Олимони Ховарзамин ба муқаррар намудани андозаҳои Замин аз садаи VIII машғул шуданд ва норасоиҳои андозагириҳои пешиниёнро бартараф карданд. Чунонки Абурайҳони Берунӣ дар «Китобу-т-тафҳим» овардааст, миқдори Замин «аз он чизҳост, ки марҷаи ӯ ба озмудан аст аз давр ва сипаси он ба чизҳои Замин. Ва ҳар гурӯҳе ӯро бад-он масофатҳо донистанд, ки ба ноҳияти эшон ба кор доштанд, чун астодинус (стадия) юнониёнро ва чужан гурӯҳи ҳиндувонро. В-аз ин ҷиҳат чун китобҳо ба тозӣ ҳамегардониданд ва андозҳо ба ҳақиқат дониста наёмад». Ин буд, ки зарурати аз нав санҷидани натиҷаҳои андозагириҳои пешина ба амал омад. Берунӣ хабар додааст, ки «Маъмуни халифа — писари Ҳорунуррашид фармудааст, то андозаи Замин аз сар озмуда ояд. Ва гурӯҳеро аз доноёни замона чун Холиди Марварудӣ ва Абулбуҳтурии Массоҳ ва Алӣ ибни Исои Устурлобӣ ва гурӯҳе монанди эшон бифиристодааст сӯйи Дашти Санҷар, то тариқи он ба кор доштанд ва ҳиссаи яке дараҷа биёфтанд аз доираи бузург дар Замин». Худи Берунӣ дар таърихи заминшиносӣ ҳамчун ихтироъгари усули комилан нави андозагирӣ маъруф шудааст, ки он аз муайян кардани кунҷи пастшавии уфуқ иборат аст. Маҳз бо ҳамин усул Абурайҳони Берунӣ радиуси Заминро чен кардааст. Аз рӯи ҳисоби ӯ радиуси Замин ба 12 803 337,036 газ ё мутобиқи ченакҳои ҳозира ба 6339,58 км баробар аст. Ин рақам аз натиҷаи андозагирии имрӯза (радиуси Заминро ба 6367,45 км баробар медонанд) ҳамагӣ ба андозаи 27,87 км тафовут дорад. Пас, Берунӣ андозаҳои Заминро бо дақиқкории фавқулода ҳисоб кардааст.
Пайдоиши Замин#
Ба омӯзиши пайдоишу инкишофи Замин файласуфон ва астрономҳои қадим (Фисоғурис, Арасту, Аристарх ва дигарон) ибтидо гузошта буданд. Дар Ховарзамин Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулҳасани Ахворӣ, Абунасри Ҷелонӣ, Абулхайри Розӣ, Маҳмуди Хоразмӣ ва дигар мутафаккирони барҷаста дар ҷараёни ҷунбишу тағйироти тадриҷӣ (эволютсия) будани қишри Заминро таъкиду таъйид намуда, аз ин мавқеи назар сабабҳои пайдоиши кӯҳу чашмаҳо, водиву дараҳо ва зилзиларо аз ҷиҳати илмӣ маънидод кардаанд. Нахустин фарзияи илмии аз абри ғубормонанд пайдо шудани ҳамаи сайёраҳои манзумаи Офтобро соли 1755 табиатшинос ва файласуфи олмонӣ И. Кант баён карда буд. Соли 1796 математики фаронсавӣ П. Лаплас фарзияи космогонии худро дар бораи пайдоиши сайёраҳои манзумаи Офтоб чоп кард. Бино бар ин фарзия ҷирмҳои ин манзума аз туманоти газӣ пайдо шудаанд. Мувофиқи фарзияи пешниҳодкардаи олими шӯравӣ О. Ю. Шмидт (1944) Офтоб дар сайри Галактика аз байни абри ғубормонанди шиҳобӣ гузашта, онро дар шароити басо мусоид ба майдони ҷозибаи худ гирифтааст. Дар натиҷаи бархӯрд ва часпидани заррачаҳо моддаҳои лахта-лахтае таркиб ёфтан гирифтанд. Аз ҳамин лахтаҳо, ки аз ҳисоби часпиши зарраҳои нав ба нав меафзуданд, сайёраҳо, аз ҷумла Замин, ба вуҷуд омадаанд.
Мувофиқи хулосаҳои илмии имрӯза Замин дар манзумаи Офтоб қариб 4,5 млрд сол пеш дар натиҷаи фишори ҷозибавии туманоти газуғуборӣ пайдо шудааст (нигар Космогония). Дар ин ҳол ҳаҷми туманот хурд шуда, суръати чархзанӣ афзудааст, ки ин боиси зичшавии туманот ва ташаккули қурс гардидааст. Ҳангоми фишурдашавии туманоти газу ғуборӣ баландшавии ҳарорат сар шуда, дар марказ ситораи Офтоб ва аз моддаҳои атрофи он дигар сайёраҳо ба вуҷуд омадаанд. Замин дар ибтидо сард буда, аз коҳиши унсурҳои радиоактивии қаъри худ (уран, торий ва ғайра) ҳарорат пайдо кардааст. Дар натиҷаи дифференсиатсия Замин ба қабатҳои ҳаста (моеъ ва сахт), мантия ва қишр тақсим шудааст. Маҷмӯи ин қабатҳоро, ки бо сатҳи сахти Замин маҳдуд мешаванд (баъзан шартӣ) Замини сахт меноманд. Ба таҳқиқи Замин теъдоде аз илмҳо машғуланд. Шаклу андозаи Заминро геодезия, ҳаракати Заминро ҳамчун ҷирми осмонӣ астрономия, майдони қувваҳо ва ҳолати физикии моддаҳои Замин ва амсоли онҳоро геофизика (қисман астрофизика), инчунин геокимиё, биология, экология ва маҷмӯи илмҳои геологӣ меомӯзанд.
Тавсифи Замин ҳамчун сайёра#
Шакли Заминро ба геоид қиёс мекунанд, ки аз шакли куравӣ кам фарқ мекунад. Геоид сатҳи барҷастаи маҳдудест, ки ба сатҳи миёнаи оби баҳру уқёнусҳо дар ҳолати оромӣ мувофиқ меояд. Радиуси Замин андаряк 6371,032 км, радиуси қутбии Замин — 6356,777 км. Масоҳаташ — 510∙106 км2 (аз ин 29,2%-аш хушкӣ), ҳаҷмаш — 1,083∙1012 км3, массааш 5,9733∙1024 кг, ки ин ба 1332946-и массаи Офтоб баробар аст. Зичии миёна — 5518 кг/м3. Тезшавии қувваи вазнинӣ дар хатти истиво ба 9,7803278 м/с2, дар қутбҳо ба 983,209 см/с2 баробар аст. Суръати гардиши Замин дар мадор ба ҳисоби миёна 29,7859 км/с. Замин якҷо бо Офтоб дар атрофи маркази Галактика (як даври гардиши галактикӣ тақр. ба 200 млн сол баробар аст), дар атрофи Офтоб (як давраш як сол) ва дар атрофи меҳвари худ (дар як шабонарӯз як бор) давр мезанад; дар натиҷаи претсессия (тақр. дар 26000 сол) ва нутатсия (тақр. дар ҳар 18,6 сол) оҳиста-оҳиста самти меҳвари гардишашро тағйир медиҳад. Кунҷи тамоюли меҳвари гардиши Замин нисбат ба ҳамвории мадори он 66°33′ аст. Бадал шудани фаслҳои сол натиҷаи ба тарафи сатҳи мадор — эклиптика майл кардани меҳвари гардиши Замин мебошад. Радифи табии Замин — Моҳ дар гирди Замин аз рӯйи мадори эллипсӣ дар масофаи ба ҳисоби миёна 384400 км (~ 60,3 радиуси миёнаи Замин) давр мезанад. Массаи Моҳ (73,484∙1021 кг) тақр. ба 1:81,5 массаи Замин баробар аст. Маркази массаҳои манзумаи Замин — Моҳ аз маркази Замин ба андозаи ¾ радиуси он (тақр. 4700 км) ақиб мемонад. Ҳар ду ҷирм — Замин ва Моҳ дар атрофи маркази массаҳои манзума давр мезананд. Нисбати массаи Моҳ ба массаи Замин дар байни тамоми сайёраҳои манзумаи Офтоб ва радифони онҳо аз ҳама бештар аст, бинобар он манзумаи Замин — Моҳро аксар ду сайёра (сайёраҳои дугона) мешуморанд.
Аз сабаби мадори эллипсӣ доштани Замин масофаи байни Замин ва Офтоб дар давоми сол аз 147,100 млн км (дар перигелий) то 152,100 млн км (дар афелий) тағйир меёбад. Масофаи миёнаи аз Замин то Офтобро воҳиди астрономӣ меноманд ва он ба ҷойи воҳиди ченкунии масофа дар ҳудудҳои манзумаи Офтоб истифода мешавад. Давраи гардиши Замин, ки бо фосилаи вақти байни ду гузариши Офтоб аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ мувофиқат мекунад, соли тропикӣ номида мешавад ва асоси тақвимҳои имрӯза мебошад. Давоми соли тропикӣ ба 365, 2422 шабонарӯзи офтобии миёна баробар аст.
Меҳвари гардиши Замин ба ҳамвории эклиптика таҳти кунҷи 23°26’21,448″ майл мекунад (дар 12 соат 1.1.2000); Ин кунҷ дар сад сол ба 46,84024″ кам мешавад. Ҳангоми ҳаракати Замин дар мадор, дар атрофи Офтоб дар давоми сол меҳвари гардиши он самти доимиро дар фазо қариб нигоҳ медорад. Ин боиси бадалшавии вақтҳои сол дар сайёра мегардад. Таъсири ҷозибавии Моҳ, Офтоб, сайёраҳо боиси тағйироти даврии дурударози экссентриситети мадор ва тамоюли меҳвари Замин мегардад, ки шояд яке аз сабабҳои тағйироти бисёрасраи иқлим бошад.
Гардиши Замин дар атрофи меҳвари худ боиси бадалшавии рӯзу шаб дар рӯйи Замин гардида, даврияти бисёр равандҳои табииро муайян мекунад. Таъсири ҷозибавии Моҳ ва ба дараҷаи кам Офтоб боиси мадд дар уқёнусҳо ва обшӯйшавии хушкӣ мегардад. Дар уқёнуси кушод дар наздикии хатти истиво маддҳои моҳтобӣ ба 1 м мерасанд. Дар халиҷҳои танг баландии маддҳо чанд маротиба афзуда, ба 18 м мерасанд. Даври гардиши Замин яке аз воҳидҳои асосии ҳисоб кардани вақт мебошад.
Табақаҳо ва сохти дохилии Замин Замин аз табақаҳои ҳамшафат (геосфераҳо)-и магнитосфера, атмосфера, ҳидросфера, инчунин биосфера иборат аст. Муҳити фазои наздизаминиро магнитосфера меноманд. Ин табақаи аз ҳама тӯлонии Замин аст. Хусусияти физикии он бо майдони магнитии Замин ва амалиёти мутақобили ин майдон бо ҷараёни мутақобили заряднок муайян карда мешавад. Замин ҳамеша дар зери ҷараёни корпускулавии Офтоб (ба истилоҳ боди офтобӣ) қарор дорад. Дар назди мадори Замин суръати самтии ҳаракати зарраҳо аз 300 то 800 км/с мерасад. Плазмаи Офтоб майдони магнитиро ҳамроҳи худ меорад, ки шиддатнокиаш ба ҳисоби миёна ба 4,8∙103 А/м (6∙10-5 Э) баробар аст. Сарҳадди магнитосфераи магнитопауза аз ҷойе мегузарад, ки дар он фишори динамикии боди офтобӣ бо фишори майдони магнитии Замин баробар аст.
Замин бо атмосфера ё табақаи ҳаво иҳота шудааст. Доираи берунии атмосфера минтақаи радиатсионии Заминро дар бар мегирад. Массаи атмосфераи Замин тақр. баробари (5,15-5,3)∙1018 кг, фишори он ба сатҳи Замин ба ҳисоби миёна 101,325 кПа (1 ат.) аст. Зичии фишори атмосфера бо афзудани баландӣ зуд кам мешавад. Атмосфера аз қабатҳои тропосфера, стратосфера, термосфера, экзосфера, ионосфера иборат буда, ҳар қабат бо хусусияти физикию кимиёияш фарқ мекунад. Атмосфераи Замин барои нури Офтоб, ки сатҳи Заминро то ҳарорати миёнаи +22°С гарм мекунад, шаффоф аст. Ба сатҳи Замин нобаробар омада расидани энергияи гармӣ боиси буғшавии оби уқёнусҳо дар миқёси васеъ ҷойивазкунии массаҳои атмосферӣ ва бориш мегардад. Абрҳо гармии Офтобро инъикос мекунанд, газҳои гуногун (буғи об, гази карбон, метан, оксиди нитроген ва ғайра) дар атмосфера ба сардшавии сайёра монеъ мешаванд. Тавозуни гармии мавҷудбудаи сайёра ноустувор аст ва дар таърихи Замин он боиси баландшавии ҳарорати глобалӣ (дар давраи ангиштсанг) ва ҳам пастшавии он (дар давраҳои яхбандӣ) гардидааст.
Ҳидросфера табақаи обии Замин буда, байни атмосфера ва қишри сахти Замин (литосфера) ҷойгир аст. Ҳидросфера тамоми оби баҳру уқёнусҳо, обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ (дар хушкиҳо), яху барфи Арктикаю Антарктика, инчунин обҳои атмосферӣ ва биологӣ (оби организмҳои зинда)-ро дар бар мегирад.
Биосфера табақаи махсуси кураи Замин буда, ҷойи зисти организмҳои зинда аст. Он қисми поинии атмосфера (тропосфера), тамоми ҳидросфера ва қисми болоии қишри Замин (литосфера)-ро то умқи 2-3 км дар бар мегирад (нигар Биосфера).



