Баҳри сиёҳро дар Шим. Ш. гул. Керч бо Баҳри Азов, дар Ҷ. Ғ. гул. Босфор бо Баҳри Мармар ва гул. Дарданелл бо Баҳри Миёназамин мепайвандад. Масоҳ. 422 ҳазор км², дарозиаш 1150 км, бараш 580 км. Сатҳи умумии умқаш 1240 м, ҷойи амиқтаринаш — 2245 м. Дарозии хатти соҳил — 4090 км. Соҳилҳо дар Ғ. ва Шим. Ғ. пасту ҳамвор ва баъзан баландии ҷаридор, дар Ш., Ҷ. ва қисми ҷанубии нимҷаз. Қрим баланди кӯҳсор аст. Халиҷҳои калонаш: Ягорлис, Тендров, Ҷарилгач, Каркинит, Каламит, Феодосия (Украина), Варнен, Бургас (Булғория), Синоп, Самсун (дар қисми ҷанубии баҳр-дар Туркия). Ҷазираҳояш каманд, калонтаринашон Ҷарилгач (62 км²), Березон ва Змеиний. Ба Баҳри сиёҳ д-ҳои калони Дунай, Днепр, Днестр, д-ҳои хурди Мзимта, Псоу, Бзиб, Риони, Кодор, Ингури (дар қисми шарқӣ), Чорох, Қизилирмоқ, Ешилирмоқ, Сакар (дар Ҷ.) ва Буги Ҷанубӣ (дар Шим.) мерезанд.

Баҳри сиёҳ
Баҳри сиёҳро дар Шим. Ш. гул. Керч бо Баҳри Азов, дар Ҷ. Ғ. гул. Босфор бо Баҳри Мармар ва гул. Дарданелл бо Баҳри Миёназамин мепайвандад....


