География, геология ва сейсмология

Редаксияи география, геология, петрография, геодезия ва сейсмология, сохтори таркибии СИЭМТ, ки таълиф, таҳия, таҳрир ва ба чоп омода кардани мақолаҳои донишномавии марбут ба ҷуғрофиё, геология...

Редаксияи география, геология, петрография, геодезия ва сейсмология, сохтори таркибии СИЭМТ, ки таълиф, таҳия, таҳрир ва ба чоп омода кардани мақолаҳои донишномавии марбут ба ҷуғрофиё, геология (заминшиносӣ), геодезия (заминсанҷӣ), петрология (сангшиносӣ) ва сейсмология (зилзилашиносӣ)-ро ба зимма дорад. То миёнаи солҳои 90 асри 20 редаксияи География ва геология ном дошт. Дар редаксия солҳои гуногун М. Ҳафизов, А. Ҳалимов, М. Вазирова, А. Валиев, М. Бозорова, С. Исроилова, Д. Ҷалолов, М. Маҳмудов, З. Шарифова, М. Ҳомидҷонова, М. Азизқулова, И. Қосимов, А. Юсупов, К. Нурматов, Т. Амиршоев, Б. Юсупов (муҳаррирон) фаъолият ва дар табъу нашри 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик» ширкат доштанд. Солҳои 2008–11 редаксия Иқтисодиёт ва география ном дошт, ки дар ҳайати он 3 нафар – М. Шарифова (мудир), Ш. Тошева (муҳаррири пешбар) ва А. Зафаров (муҳаррир) фаъолият мекарданд. Солҳои 2011–13 ба редаксияи География, иқтисодиёт ва саноат табдили ном кард (шомили муҳаррирон – И. Раҳматуллоев, А. Зафаров, Б. Шарифов). Аз соли 2013 бо номи имрӯзааш амал мекунад (шомили А. Зафаров (муҳаррири пешбар), Н. Сайвалӣ (муҳаррир, 2015–16), И. Исҳоқов (оператор, 2015–16), Искандари Ориф (аз соли 2016), Р. Абдуллоев (аз соли 2018), Хоҷаев Р. (аз соли 2026). Редаксия то имрӯз дар нашри 12 ҷилди «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», «Донишномаи кӯдакон ва наврасон» ва «Донишномаи Душанбе», «Донишномаи унсурҳои кимиёӣ» ширкат намуда, китоби «Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон»-ро ба чоп омода кардааст. Редаксия мақолаҳои донишномаӣ (энсиклопедӣ)-ро асосан бо такя ба муаллифон, ки мутахассисони марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ (аз ҷумла, М. Раҳимов, Х. Муҳаббатов, М. Ҷанобилов, Ю. Мамадҷонов, Н. Шарипов, К. Вазиров, Б. Шарифов, Ҳ. Пирумшоев, З. Мӯсоев, А. Ниёзов, О. Маҷидов, А. С. Мункӣ, Р. Абдуллоев) мебошанд, омода месозад. Редаксия ба нақша гирифтааст, ки дар ояндаи наздик китобҳои донишномаии «Луғати тафсирии ҷуғрофиё», «Ҷойномҳои Тоҷикистон», «Ҷойномҳои Ховалинг», «Ҷуғрофиёи Эронзамин», «Кишварҳои ҷаҳон» ва дигар донишномаҳои ҷуғрофиёии шаҳру ноҳияи Тоҷикистонро барои нашр омода созад. Мудирони редаксия: Олимов Ӯ. (1968–88), Шарифова М. (2008–11), Тошева Ш. (2011–2021) ва Искандари Ориф (аз соли 2021).

Wikilogy Library

Wikilogy is a platform where knowledge from various fields merges, with experts and enthusiasts collaborating to create a reliable source covering history, science, culture, and technology.

  • English
    14 Articles
    English
  • Тоҷикӣ
    16 Articles
    Тоҷикӣ
  • فارسی
    14 Articles
    فارسی
Explore Contents

Access a vast library of articles in your preferred language. Choose from expert-driven content across history, science, and culture, tailored to your needs.

Wikilogy © Copyright 2024 - All rights reserved.