Тиб, биология ва химия

Редаксияи биология, химия ва тиб, яке аз сохторҳои таркибии СИЭМТ, ки ба таҳия, таҳрир, тадвин ва ба чоп омода кардани мақолаҳои марбут ба набототу ҳайвонот,...

Редаксияи биология, химия ва тиб, яке аз сохторҳои таркибии СИЭМТ, ки ба таҳия, таҳрир, тадвин ва ба чоп омода кардани мақолаҳои марбут ба набототу ҳайвонот, химияву тибби Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ва энсиклопедияҳои соҳавӣ машғул аст. Соли 1968 ташкил шудааст. Аввали соли 2000 дар натиҷаи бо редаксияи Хоҷагии халқ ва иқтисодиёт муттаҳид карда шудан номи редаксияи Табииётро гирифта буд. Аз соли 2005 бо номи кунуниаш амал мекунад. Редаксия дар табъу нашри «Энсиклопедияи Советии Тоҷик» (иборат аз 8 ҷилд) фаъолона ширкат дошта, ҳамчунин китобу луғатҳои зиёдеро ба табъ расондааст, ки соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегиранд: фарҳанги тиб бии русӣ-тоҷикӣ-лотинӣ («Медицинский словарь», муаллиф Расулов М. Я., иборат аз 5 ҷилд; 1973–1988), «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (иборат аз 2 ҷилд; 1989–1991), «Энсиклопедияи мухтасари тиб» (мураттиб Абдушукур Раҷабзод, иборат аз 5 ҷилд; 2011–2012), «Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (мураттиб А. Раҷабзод, 2009), «Вожаномаи тиббӣ» (мураттибон У. Қурбон ва А. Раҷабзод; иборат аз 2 ҷилд ва тақрибан 60000 вожа, 2014), «Фарҳанги тибби ниёгон» (мураттибон У. Қурбон ва А. Раҷабзод; 2016), «Донишномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (Душанбе, 2019). Солҳои гуногун дар редаксия М. Самиев, Н. М. Қобилов, Р. Бобохӯҷаев, Т. Аҳмадов, А. Тошев, Т. Идрисов, Қ. Иброҳимов, Ю. Валиев, Ҷ. Раҳмонова, Г. Иззатшоева, Н. Мамадҷонова, Ҷ. Самехова, М. Мирзоева фаъолият намуда, дар пешрафти кори он саҳми арзанда гузоштаанд. Феълан дар редаксия 5 нафар: А. Тошев (мудир), М. Мирзоева (муҳаррири пешбар), М. Шамсов (муҳаррири пешбар), Ш. Тошев, (муҳаррири пешбар), М. Нозимшо (муҳаррир) кор мекунанд. Онҳо ба таҳия ва таҳриру тадвини мақолаҳо барои ҷилдҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» машғуланд. Ҳамчунин мақсад доранд, ки дар оянда «Луғати тиббии русӣ – тоҷикӣ – англисӣ» (қариб 70 ҳазор калима) ва китоби энсиклопедии «Донишномаи тибби хонавода»-ро ба табъ расонанд. Бо кӯшиши аҳли қалами редаксия нашрҳои якум (1991–2005) ва дуюм (2021)-и китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино рӯи чопро диданд (2021). Мудирони редаксия: Ғаниев А. (1968–77), Самиев М. (1977–80), Тошев А. (1980–82), Қобилов Н. М. (1982–89), Тошев А. (аз 1989).

Wikilogy Library

Wikilogy is a platform where knowledge from various fields merges, with experts and enthusiasts collaborating to create a reliable source covering history, science, culture, and technology.

  • English
    14 Articles
    English
  • Тоҷикӣ
    16 Articles
    Тоҷикӣ
  • فارسی
    14 Articles
    فارسی
Explore Contents

Access a vast library of articles in your preferred language. Choose from expert-driven content across history, science, and culture, tailored to your needs.

Wikilogy © Copyright 2024 - All rights reserved.