Иқтисодиёт, саноат ва кишоварзӣ

Редаксияи иқтисодиёт, саноат ва кишоварзӣ, яке аз воҳидҳои сохтории СИЭМТ, ки ба таҳия, таҳрир ва тадвини мақолаҳои вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт ва саноату кишоварзӣ машғул...

Редаксияи иқтисодиёт, саноат ва кишоварзӣ, яке аз воҳидҳои сохтории СИЭМТ, ки ба таҳия, таҳрир ва тадвини мақолаҳои вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт ва саноату кишоварзӣ машғул аст. Соли 1968 баробари СИЭСТ ташкил шудааст. То соли 1983  редаксияи «Хоҷагии халқ ва иқтисоди сиёсӣ» ном дошт, баъдан ба «Хоҷагии халқ ва иқтисодиёт» табдил шуд. Аз соли 2008 бо номи имрӯзааш фаъолият дорад. Дар тӯли фаъолияти редаксия кормандони он (Ёқубов М., Акрамов С., Голтс Т. М., Ёқубов М., Қурбонов Ф., Бурҳонов Қ., Шарипов Н., Қурбонов Ҳ., Эшонова М., Ҷӯраева М., Раҳимова С., Ғафурова С., Қурбонов Ҳ., Холиқов И., Азизов Ш., Сафарова Ф., Қурбониён Б., Зарипова Д., Ғуломзода Ш., Мирзоев С.) дар ҳамкорӣ бо муаллифон дар таҳия, таҳрир ва ба чоп омода кардани луғатномаҳои соҳавӣ ва мақолаҳои марбут соҳаҳои зикршудаи 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик» (1978–1988), «Таджикская ССР» (1974), 2 ҷилди «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (1989), 10 ҷилди «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», донишномаҳои «Душанбе» ва «Тоҷикистон»  саҳм гузоштаанд. Кормандони редаксия бо шуъбаву ин-тҳои дахлдори АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, АИ кишоварзии Тоҷикистон, вазорату корхонаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ҳамкории зич дошта, дар таҳия ва пешниҳоди мақолаҳо ҳамеша ба олимону мутахассисони варзида такя мекунанд. Исоматов Б., Тағоев М. Р., Дӯстбоев Ш., Шафиев Б., Машокиров Ҷ., Юнусова М.,  аз зумраи муаллифони фаъоли мақолаҳои марбут ба редаксия мебошанд. Мудирони редаксия: Ҳоҷиматов М. (1975–85), Тошев А. (1986–91), Шарифова М. (2010–11), Тошева Ш. (2012–13), Абдуллоев Р. (2014), Ҳамадов С. (2015–16), Содиқова М. (2016–18), Холиқов И. (2019), Сайдалиев Ҷ. (аз соли 2019).

Wikilogy Library

Wikilogy is a platform where knowledge from various fields merges, with experts and enthusiasts collaborating to create a reliable source covering history, science, culture, and technology.

  • English
    14 Articles
    English
  • Тоҷикӣ
    16 Articles
    Тоҷикӣ
  • فارسی
    14 Articles
    فارسی
Explore Contents

Access a vast library of articles in your preferred language. Choose from expert-driven content across history, science, and culture, tailored to your needs.

Wikilogy © Copyright 2024 - All rights reserved.