Редаксияи харита, тасвирот ва саҳифабандӣ, яке аз воҳидҳои сохтории СИЭСТ ва СИЭМТ, ки соли 1968 бо номи редаксияи Тасвирот ва харита таъсис ёфтааст. Аз соли 2008 бо номи имрӯзааш амал мекунад. Асосан ба таҳияву тадвини аксу тасвирҳо, нақшаву харитаҳо ва ороишу дизайни китобҳо машғул аст. Дар таркиби СИЭСТ дар ҳайати редаксия И. Сайфиддинов, Р. Барч, А. Юсуфов, И. Тибилов, Э. Миркамолов, Ҳ. Ҳакимов кор карда, 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик», 3 ҷилди «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», «Революцияи Кабири Социалистии Октябр», «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон», «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ» ва чандин донишномаи дигарро бо харитаву тасвирҳо таъмин кардаанд. Феълан дар редаксия Ф. Неъматов (мудир), У. Ҷобатшоева (саркомплектатор), С. Қирғизбеков (муҳаррири пешбар), Б. Сотибалдиева (дизайнер), М. Баҳриева (саҳифабанд), Ш. Шарипов (харитасоз), Э. Холов (суратгир-дизайнер) кор мекунанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар редаксияи мазкур Б.Мухторов, Ш. Шарипов, М. Азизов, Ҳ. Садиров, А. Солиев, Н. Шамсов, М. Амиршоев, Т. Сафаров ва Ш. Халисов низ фаъолият доштанд. Ҳайати редаксия дар таъмин ва тазйини ҷилдҳои 1–12 «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», ҷилдҳои 1–9 «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», «Донишномаи забони тоҷикӣ», «Донишномаи илми бадеъ», «Донишномаи Душанбе», «Донишномаи Истаравшан», донишномаҳои барои кӯдакон ва наврасон «Ахтарони илм», «Ахтаршиносӣ», «Кайҳон», «Саёраи Замин», «Замин», «Шинохт ва ёдгирӣ», «Чӣ, кай, дар куҷо?», «Донишномаи кӯдакон ва наврасон» ва китобҳои «Қонуни тиб», «Фиқҳи исломӣ», «Лубби лубоби «Маснавӣ» «Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ», «Саёҳатнома», «Сад таронаи Аҳмад Зоҳир (нота)», «Гулистон», ва ғайра бо аксу тасвирҳо, нақшаву харитаҳо саҳм гузоштаанд. Мудирони редаксия: И. Сайфиддинов (1970–2004), Ҳ. Садиров (2011–13), Б. Мухторов (2010–14), Н. Шамсов (2015–2020), Ф. Неъматов (аз 2020).


