Редаксияи Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик, яке аз воҳидҳои навтаъсиси СИЭМТ, ки ба таҳрир, таълиф ва таҳияи китобҳо доир ба мардумшиносӣ ва фарҳанги мардуми тоҷик машғул аст. Редаксия соли 2020 таъсис шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон 31 майи соли 2012, таҳти № 263 «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013‒2020»-ро ба тасвиб расонид, ки дар заминаи он таълифу тадвин ва нашри ҷилдҳои «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нақша гирифта шуда, тадвин ва таҳияи он (солҳои 2015‒2020) ба зиммаи редаксияи фарҳанг, маърифат, корҳои ҳарбӣ, туризм ва варзиши СИЭМТ вогузор шуд. То ҳол 8 ҷилди ин донишнома фарогири мавзуҳои мухталифе доир ба фарҳанги мардумии тоҷик ва мардумшиносӣ аз чоп баромадаанд. Барои интихоби мавзуъ, чоп ва тадвини донишнома, редаксия ба мутахассисони соҳаҳои дахлдор, аз ҷумла, Раҳмонӣ Р., Раҳимӣ Д., Ашурмадова Т., Шовалиева М., Собирзода А., Салимзода Ф. ва дигарон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Аввалин муҳаррирону кормандони редаксия Раҳматов Б., Шарипов Н., Абдуллоев Р., Раҳимӣ Д. Аминов А. буданд ва ҳоло дар редаксия Умарзода Ф., Раҳимӣ Д., Одинаева С. ва Сафаров А. фаъолият доранд.
Мудирони редаксия: Раҳматов Б. (2020‒2021), Абдуллоев Р. (2021-2022) ва Умарзода Ф. (аз соли 2022).


