Футӯҳу-л-булдон

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои таърихи асрҳои миёна — китоби “Футӯҳу-л-булдон”-и Аҳмад ибни Яҳёи Балозуриро ба нашр расонд.
Ин асар дар бораи зуҳури ислому фатҳкориҳои араб маълумот медиҳад ва барои омӯзиши таърихи ниёгони мо дар қаламрави Шоҳаншоҳии Сосонӣ ва Хуросони Бузург, бахусус вилоятҳои Балх, Хутал, Шумон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистони имрӯза, як манбаи беҳамто ба шумор меравад.
Китоб бо заҳмати Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ва Тоҷиддин Ғуломов аз хати форсӣ ба кириллӣ баргардон шуда, дар соли 2025 бо сифати баланд чоп шудааст.
Барои харидории китоб метавонед ба Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муроҷиат намоед:
ш. Душанбе, хиёбони Неъмат Қаробоев, 17
Тел.: (992 37) 233 35 71
Нарх: 115 сомонӣ


