Бедилонро бедиле дилдор кард

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик китоби Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро бо номи «Бедилонро бедиле дилдор кард» ба чоп расонд.
Ин китоб калидест барои ворид шудан ба дунёи пурасрору мураккаби Абулмаонӣ Бедил. Муаллиф бо нигоҳи хоси шоирона ва таҳлили амиқи муҳаққиқона вижагиҳои шеъри Бедил, ҷаҳонбинии ӯ, сабку шеваи баёни ин нобиғаи сухан ва нақши ӯро дар такмили шахсияти инсонӣ баррасӣ кардааст.
Яке аз вижагиҳои арзишманди асар дар он аст, ки матни он ба ду хат — форсӣ ва кириллӣ омода шудааст, ки ин барои муҳаққиқон ва ҳаводорони каломи ноб имкони бештари мутолиаву муқоисаро фароҳам меорад.
Китоб зери назари сармуҳаррир Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дар соли 2025 бо сифати баланд ва ороиши зебо ба табъ расида, ба доираи васеи адабиётшиносон, шоирон ва кулли дӯстдорони каломи ҷовидони Бедил тавсия мешавад.
Барои харидории китоб метавонед ба Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муроҷиат намоед:
ш. Душанбе, хиёбони Неъмат Қаробоев, 17
Тел.: (992 37) 233 35 71
Нарх: 61 сомонӣ


