Рисола дар назми тамаддун ва таовун

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик асари безаволи мутафаккири бузурги миллат Аҳмади Дониш — «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро бо сифати баланд ба чоп расонд.
Ин рисола асли афкору назариёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Аҳмади Донишро дар бар мегирад, ки дар фасле аз китоби гаронарзиши ӯ «Наводиру-л-вақоеъ» ҷой дода шудааст. Муаллиф дар ин асар ниятҳои нави равшангарӣ ва роҳҳои рушду тараққии ҷомеаро пешниҳод кардааст, ки барои бедории халқу миллат ва шинохти андешаҳои пешқадами ниёгонамон ниҳоят муфид мебошад.
Китоб бо таҳия, тавзеҳот ва муқаддиманависии Раҳматшо Исроилов дар соли 2025 ба зевари табъ ороста шудааст.
Барои харидории китоб метавонед ба Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муроҷиат намоед:
ш. Душанбе, хиёбони Неъмат Қаробоев, 17
Тел.: (992 37) 233 35 71
Нарх: 52 сомонӣ


