Хондан:

Мизи мудаввар вобаста ба такмили луғатнома, таҳия ва нашри китобҳои «Донишномаи Шашмақом ва Фалак» ва «Фарҳанги истилоҳоти мусиқии суннатии тоҷик»

Ҳуруф
Sans Serif
Serif
Ҳаҷми ҳуруф
A
A
Шумо метавонед андозаи шрифти мундариҷаро тағир диҳед.
Саҳифаро мубодила кунед
21.01.2026

Мизи мудаввар вобаста ба такмили луғатнома, таҳия ва нашри китобҳои «Донишномаи Шашмақом ва Фалак» ва «Фарҳанги истилоҳоти мусиқии суннатии тоҷик»

Имрӯз, 21 январи соли 2026 дар Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бо ширкати устодони санъатшинос, профессорон Аслиддин Низомӣ, Фароғат Азизӣ, Қурбон Қурбониён, номзади илмҳои таърих Ҷонибек Асрориён вобаста ба такмили луғатнома, таҳия ва нашри 🎼 китобҳои «Донишномаи Шашмақом ва Фалак» ва «Фарҳанги истилоҳоти мусиқии суннатии тоҷик» мизи мудаввар баргузор шуд.

Сармуҳаррири СИЭМТ – Ҳусайнӣ С. С. зимни сухани ифтитоҳӣ изҳор дошт, ки назари устодони касбӣ ҳамеша барои такмили луғатномаи дилхоҳ донишномаи соҳавӣ муассир аст ва мо умедворем, ки кори таҳияи ин ду китоб бо ҷалби бештари санъатшиносони тоҷик дар фурсати муқарраршуда анҷом хоҳад ёфт.

📝 Иштирокдорон нашри китобҳои мазкурро барои шинохту муаррифии арзишҳои фарҳанги мусиқии суннатии тоҷик ва рушди равияҳои муосири мусиқӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

📃 Ёдовар бояд шуд, ки чорабинии мазкур дар доираи иҷрои бандҳои дахлдори «Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» барои солҳои 2024-2028» баргузор гашт ва ин амр метавонад дар оянда барои таҳияи «Донишнома мусиқии тоҷик» замина фароҳам биёрад.

Wikilogy Library

Wikilogy is a platform where knowledge from various fields merges, with experts and enthusiasts collaborating to create a reliable source covering history, science, culture, and technology.

  • English
    14 Articles
    English
  • Тоҷикӣ
    15 Articles
    Тоҷикӣ
  • فارسی
    14 Articles
    فارسی
Explore Contents

Access a vast library of articles in your preferred language. Choose from expert-driven content across history, science, and culture, tailored to your needs.

Wikilogy © Copyright 2024 - All rights reserved.